Мӯҳтарам хонумон ва ҷанобон!

Ёздаҳ сол мешавад, ки Фонди Қарзии Хурди «Сарвати Вахш»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолият бурда истодааст. Дар ин муддат ташкилот барои ноил шудан ба комёби ва дастоварҳо роҳи душворро гузаштааст. Дар солҳои наздик ташкилот бо сандуқи қарзии 7 млн сомони ба руйхати ташкилотҳои қарзии бонуфузи Тоҷикистон дохил мешавад.

Боиси пешрави ва дастовардҳои ноилгаштаи ташкилот ин мутахасисҳои баландихтисос ва сатҳи хуби хизматрасонии мизоҷон мебошанд. Мақсади асосии мо ин рушду намуи фаолияти мизоҷонамон ва ташкил намудани шароити муфиди соҳибкори барои онҳо мебошад. Азбаски рисолати мо дастгирии аҳолии камбизоат мебошад бинобар ҳамин Фонд зери дастгирии бевоситаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар раванди буҳрони молиявӣ барои ташкил намудани ҷойҳои корӣ ва инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ қарзҳои дастрас то 12% солона дар 12 ноҳияҳои Вилояти Хатлон ва инчунин Ноҳияҳои Тобеи Марказ пешниҳод намуд.

Дар вақти таъсири буҳрони молияви ташкилот на танҳо ба ҳамаи душвориҳо тоб овард ва инчунин нишондиҳандаҳои молияваш далели онанд, ки мо ҷамбасти солонаро мусби ба анҷом расонидем.

Бояд қайд кард, ки мо барои ҳамкори бо ҳама тайёр ҳастем ва дар асоси ҳамкории муфиди мо ин ростқавли, шафофият ва бомасьулиятноки ҷой доранд.

 

Бо эҳтиром,

Раиси ФҚХ «Сарвати Вахш»

Исмоилов Илхомиддин Абдулович