Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Воқеан ҳам, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва масъулиятшинос нақши ҳалкунанда мебозад. Тақвият ёфтани донишҳои мардум роҷеъ ба меъёрҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, риояи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини суботи ҷомеа мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, аҳамияти тарбияи ҳуқуқии шарҳвандон, дар замони муосир зарурияти бештарро ба худ касб намудааст. Бояд қайд намуд, ки огоҳии комил доштан аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар доираи қонунгузорӣ ва принсипҳои адолат қарорҳои оқилона ва масъулиятнок қабул намоянд. Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар изҳор доштанд, ки “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Аз ин бармеояд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа, рушди муколама ва ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният мусоидат мекунад.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Инчунин, яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсия мебошад. Зеро ба андешаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.