Таърихи ФҚХ “Сарвати Вахш”
Фонди қарзии хурд “Сарвати Вахш» ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад, ки дар соли 2006 таъсис дода шудааст. Фонд бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд, ки дар он 17 Марказҳои Дастгирии Ҷамоатҳо ҳамчун муасис иштирок намуданд. Номи фонд “Сарвати Вахш” маънои «моликият», «хазина», «фаровонӣ» -ро дорад, ки фалсафаи фаъолияти моро комилан тасвир мекунад. Дурнамои рушди ташкилотамон ба дурнамои дарозмуддат равона карда шудааст ва афзалияти асосиро мо барои ҳифзи манфиатҳои мизоҷон ва шукуфоии тиҷорати онҳо мебинем.
Аз рӯзҳои аввали оғози фаъолият, ташкилоти мо узви Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд гардид. Афзалиятҳои асосии фонд афзоиши ҳузури на танҳо дар вилояти Хатлон ва инчунин дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ мебошад. Фонд ҳоло хизматрасониашро дар 12 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Мизоҷони Фонд аз 1300 нафар зиёд буда, маблағи умумии маблағгузории он 6,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Азбаски Тоҷикистон кишвари аграрӣ мебошаду минтақаи фаъолияти мизоҷони фонд дар минтақаҳои деҳот ҷойгиранд, бештари мизоҷон қарзҳои барои соҳаи кишоварзӣ мегиранд.
Фонд дар асоси таҷрибаи захирашуда, кормандони бо маърифат, боварии муштариён – заминаи хуберо барои рушду наму доро мебошад. Фонд дар асоси ин комёбиҳо такмили хизматрасониашро боз намедорад, баракс мо пайваста барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ҳаракат мекунем.
Ҳамин тариқ, тадбирҳои пешгирифтаи мо мусоидат мекунанд барои: таҳкими мавқеи фонд дар бозори хизматрасонии маблағгузории хурд, кам кардани хавфҳои дар рафти муқаррарии корӣ, мутаносибгардонии идоракунӣ, баланд бардоштани меъёри бозгашт, кӯмак барои ҷорӣ намудани системаи модели иқтисодӣ ва менеҷменти молияви, сари вакт ба талаботи бозор ҷавоб додан, инчунин ба сатҳи хизматрасонии мизоҷон ахамият додан мебошад.