Рӯзи 22-23-юми сентябри соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Саммити молиявии Осиёи Марказӣ-2025 таҳти унвони ”Молияи инноватсионӣ, имкониятҳо тавассути фарогирӣ ва гендер” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши сатҳи минтақавӣ, ки бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи марказӣ, бонкҳои марказӣ, ташкилотҳои молиявии дохилию байналмилалӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ доир шуд, масъалаҳои марбут ба нақши бонкҳои марказӣ дар густариши фарогирии молиявӣ, таҳия ва оғоз намудани Кодекси маблағгузории занони соҳибкор дар Тоҷикистон, ҷанбаҳои гендерӣ дар иқтисоди сабз ва рақамӣ, стратегияи фарогирии устувори молиявӣ ва имкониятҳои рақамисозӣ барои занон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Саммити молиявии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи Ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дар намояндагии Раиси раёсат – Исмоилов Илҳомидин, Фонди Қарзии Хурди “Сарвати Вахш” бо Ҷоизаи рушди бахши маблағгузории хурд ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуд.