Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани саводнокӣ ва арзишҳои асосии молиявӣ, дастрасии бештари ҷомеа ба маълумотҳои муҳими соҳаи бонкдорӣ ва дар маҷмӯъ ташкили заминаҳои устувори ояндаи ҷавонону наврасон гузаронида мешавад.

           Ҳайати кормандони ФҚХ “Сарвати Вахш” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар бо ханандагони ин даргоҳи илму маърифат чорабинӣ  баргузор намуданд.
Зимни чорабинӣ мутахассисони Фонд дар мавзӯҳои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, роҳҳои эмин мондан аз хавфҳои эҳтимолӣ ва қаллобон, бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ,  истифодаи дурусти ҳамиёнҳои электронӣ  ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ баҳри хонандагон  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Рубрики

At vero eos et accusamus et iusto odio digni goikussimos ducimus qui to bonfo blanditiis praese. Ntium voluum deleniti atque.

Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)