Баргузории шанбегии дастаҷамъона бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, санаи 29 августи соли 2026 дар Фонди Қарзии Хурди “Сарвати Вахш” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Фонд фаъолона иштирок намуда, корҳои тозакунӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити атрофро анҷом дода, дохили бинои Фонд рангу бор карда шуд.
Кормандон дар шанбегӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, минбаъд низ ҷиҳати татбиқи тадбирҳои ободонӣ, фаъолона саҳм гузошта, барои тозаву озода, ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф корҳои амалиро идома хоҳанд дод.



