Дастовардхо
ФҚХ “Сарварати Вахш” кӯшиш мекунад, ки принсипи шафофиятро риоя кунад ва ҳар сол дар Маҷмааи байналхалқии иттилооти «MixMarket» натиҷаҳои молиявии худро нашр мекунад. | |
Дар доираи барномаи Комиссияи Аврупо «Барномаи ислоҳоти замин», мутахассисони фонд дар як қатор тренингҳо оид ба таҳсилоти молиявӣ дар 2 ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд. | |
Дар оғози фаъолияти худ дар соли 2007, дар чаҳорчӯбаи барномаи Оҷонсии Рушд ICCO дар байни мизоҷони ФҚХ “Сарвати Вахш” як омузиш оид ба таъсири кредит ба некӯаҳволии иҷтимоии мизоҷон гузаронида шуд. | |
Фонд дар барномаҳои амалишудаи GIZ фаъолона иштирок намудааст ва яке аз натиҷаҳои ногузир ин истифодабарии маҳсулоти Start-up мебошад. Ин маҳсулот хеле маъмул буд ва аз ҷониби мизоҷон мусбӣ баҳогузори шуд. | |
Дар соли 2008, дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи CAMFA, ки аз ҷониби USAID маблағгузори шуда буд, роҳбарияти Фонд дар Стади тур ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд ва пас аз бозгашт дар системаи идоракунии хавфҳои ташкилот тағйироти назаррас ворид намуданд. | |
Дар маҷмӯъ Фонд бо дастгирии БРСММ зиёда аз 11 лоиҳаро амалӣ намудааст. Умуман, ин лоиҳаҳо барои дастгирии масъалаҳои зерин равона карда шуда буданд: • паст кардани сатҳи камбизоатӣ; • ташкили ҷойҳои корӣ; • дастгирии занони соҳибкор; • ҳифзи муҳити зист; • дастгирии тиҷорати миёна; • баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар деҳот; • дар ташаккули тиҷорати байнисарҳадӣ. | |
Дар соли 2011, бо дастгирии лоиҳаи DAI барномаи Фонд такмил дода шуд ва айни замон ҳамаи ҳисоботҳо тавассути барномаи мазкур мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд. | |
Дар соли 2017 фонд дар коркарди ҳисоботи кишвар оид ба таъсири иҷтимоии қарз ба мизоҷон фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои иҷтимоии Фонд дар ташаккул додани ҳисобот инчунин ба назар гирифта шуда буданд. | |
Дар соли 2014, бо дастгирии лоиҳаи БРСММ «Тиҷорати озод» дар фонд тренингҳо оид ба принсипҳои SMART гузаронида шуда буд ва ҳамаи ҳафт принсипҳо дар Фонд бомуваффақият ворид карда шуданд. Пас аз 3 моҳ, дар Фонд баҳодиҳи оид ба системаи ҳифзи ҳуқуқҳои мизоҷон гузаронида шуд, ки он аз тарафи мутахассис мусбӣ арзёбӣ карда шуд. | |
Дар оғози соли 2015, Фонд бо Ташкилоти Байналмилалии Chemonics барои ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Дар доираи ин ҳамкорӣ Фонд ба деҳқонони хохӣшманд маслиҳат пешниҳод кард ва инчунин қарзҳои хурд пешниҳод намуд. | |
Фонд бо БРСММ ФГН аз соли 2010 ҳамкори мекунад ва дар соли 2018 барои дастгирии истеҳсолкунандагони лимӯ қарзҳои хурд бо шартҳои имтиёз дод, ки он барои рушди лимӯ базаи муҳим мебошад. |