Ақидаи мизоҷон ФҚХ “Сарвати Вахш”
“Ман, Гулмирзев Олимҷон, сокини ноҳияи Восеъ мебошам. Дар гузашта ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия будам. Баъд аз бозгашт аз Русия, бо маслиҳати волидайн тасмим гирифтам ки таъмирхонаи атвомобилро кушоям, барои ин ман як ҳуҷраи хурдро ичора гирифтам, дар он таъмиру азнавсозӣ кардам ва дар охир барои хариди таҷҳизоти таъмири мошин маблаг тнамонд. Пас аз он ман ба ФКХ “Сарвати Вахш” барои гирифтани карз мурочиат намудам. Кормандони ташкилот фаолияти маро бодиққат санчиданд ва дар якҷояги мо нақшаи хурде таҳия кардем. Дар натича ба ман 4000 сомонӣ бо фоизи 12 солона карз дода шуд. Имрӯз таъмирхонаи ман нашъу наму ёфта истодааст, муштариён зиёд шуданд, ки дар навбат пешаки номнавис мекунанд. Акнун ман орзу дорам ки боз ба ФКХ “Сарвати Вахш” барои карз мурочиат карда фаолиятамро васеъ кунам. Ташкилот ба ман имконият дод, ки орзуи худро амали кунам ва худро бо чои кори таъмин намоям.”
“Ман, Файзиддинов Насриддин, 30 соли охир дар ноҳияи Темурмалик дар зиндагӣ ба сар мебарам. Ман зиёда аз 8 сол дар Федератсияи Русия дар соҳаҳои зерин кор кардаам: сохтмон – коргари оддӣ ва дар мағоза фурӯшанда. Пас аз баргаштан ба хона ман тасмим гирифтам ба тоҷири машгул шавам ва дар натича як мағоза ки дар он махсулотти хурока ва конселяри кушодам. Барои амалӣ намудани ин орзу ман аз ФКХ “Сарвати Вахш” тавассути қарз ба маблағи 6000 сомонӣ гирфтам. Ман ба ин ташкилот хеле миннатдор ҳастам, ман ҳоло мизоҷони доимӣ ва даромаднокии устувор дорам, ки барои беҳтар кардани шароити хона имконият пайдо кардам. Холо бошад, ман бораи гирифтани қарз дар самти зотпарварӣ фикр мекунам.”
“Ман, Абдулоев Фатхидин, дар ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекунам. Дар гузашта дар хоҷагии дехкони кор мекардам. 6 сол пеш ман тасмим гирифтам, ки ба чорводори машгул шавам ва дар он вақт 3 гов доштам. Соли 2014 бо қарзи ФКХ «Сарварати Вахш» дар ҳаҷми 6000 сомонӣ, 12% солона, ман 3 чорвои дигар харидори намудам ва имрӯз дар натичаи мехнати хуб ман сохиби 30 чорвои шудам.”
“Ман, Султонов Холмурод Хушваҳтович, аз соли 2016 мизоҷи ФКХ “Сарвати Вахш” мебошам. Дар гузашта ман дар Донишкадаи тиббӣ дар факултети дандонпизишки таҳсил кардаам. Дар охири соли 2016 ман аз ФКХ “Сарвати Вахш” ба маблағи 6000 сомонӣ қарз гирифтам ва инчунин бо истифода аз амонатам дар ноҳияи худ як хучраи хурди дандонпизишки кушодам. Холо дар нохия ман хамчкун обруманд одамонро табобат мекунам ва кор руз аз руз зиёд шуда истодааст, мизоҷон барои табобат 3 рӯз пештар номнавис мекунанд. Ман ба ташкилот барои додани имконият ва барои дастгирии сохиби кор шуданам хеле миннатдорам.”
“Ман, Сафарова Рупиямо, дар нохияи Темурмалик зиндаги мекунам. Дар гузашта ман хамчун фарош кор кардаам. Дар соли 2017 ман тасмим гирифтам ки бо фаолияти сохибкори машгул шавам ва як нуктаи савдо дар нохияи худам кушодам. Ман асосан пойафзоли мардона ва занон ва либоси гуногун савдо мекунам, инчунин ба кори дӯзандагӣ машғул хастам. Бо мақсади вусъати фаъолияти худ, Ман ФКХ “Сарвати Вахш” барои қарз дар ҳаҷми 4000 сомонӣ мурочиат намудам. Ариза ман дастгири шуд ва ҳоло ман номгуи махсулотам васеъ гашт ва мутаносибан муштариёнам низ зиёд шуд, хамчунин фармоиши духтани либосҳои занона низ зиёд шуд. Ман аз ФКХ “Сарвати Вахш” хеле миннатдор ҳастам ва умедворам барои қарзи иловагӣ барои густариши фаолиятам ва ҷалби 2 корманди иловаги мурочиат намоям.”
“Ман, Мерганова Сокина. Дар гузашта аз хонаи худ бо фаолияти тиҷорати машгул будам. Баъди чанде ман қарор кардам, ки як нуқтаи савдо кушоям. Дар бораи хидматҳои дастрас ва муносибати хуби кормандони ФКХ “Сарвати Вахш” шунида будам. Сипас ман ба ФКХ “Саратов Вахш” барои қарз ба маблағи 6000 сомонӣ муроҷиат кардам. Кормандони ташкилот таҳлили молиявии фаъолияти манро пурра тафтиш намуда, дархости маро тасдиқ карданд. Ман ҳуҷраеро иҷора гирифта, мағозаи хӯрокворӣ ташкил кардам. Охиста-охиста шумораи мизоҷон зиёд шуд ва холо тиҷорати ман рушд ёфта истодааст. Ман ба ФКХ «Сарвати Вахш» барои дастгириашон миннатдорӣ баён мекунам.”