Риояи принсипҳои ҳифзи манфиати мизоҷон

Мо кӯшиш мекунем, ки муносибатҳои дарозмуддатро бо мизоҷон дар асоси эҳтироми тарафайн, фаҳмиш ва шарики бисозем. Бо ин мақсад, ташкилоти мо Принсипҳои ҳифзи манфиати мизоҷони ширкати Smart дастгири мекунад, ва барои риояи ин принсипҳоро дар ташкилот назорат мебарад.

Моҳи августи соли 2016 ФҚХ «Сарвати Вахш» бо дастгирии БРСММ баҳодиҳии мутобиқат ба принсипҳои ҳифзи манфиати мизоҷонро бо мувафақият гузашт. Мувофиқи ин принсипҳо барои баҳодиҳии муносиб ТМХ бояд ба ҳамаи 95 нишондиҳандаи ширкати Smart мутобикат кунад ва риояи принсипҳои ҳифзи манфиати мизоҷонро дар фаолияташ тастиқ намояд.

1.Коркарди муносиби маҳсулоти карзӣ ва роҳҳои расонидани он
Қарзҳои мо дастрас мебошанд, тамоми ахборот барои фаҳмидани шартҳо ва расмиёт гирифтан ва баргардонидани қарз пешниҳод мегардад. Ба мизоҷон вақт ҷудо карда мешавад, ки оиди гирифтани қарз фикр кунанд ва ба хулосаи дуруст оянд. Маҳсулотҳои қарзии мо бо дарназардошти талаботи мизоҷон ва дар асоси тавсияҳои доимии онҳо таҳия карда мешавад.

2.Пешгирии қарздории аз ҳад зиёд

Қарзҳо ба мизоҷон бо тавзеҳот пешниҳод мегардад, ки чӣ тавр арзёбӣ кард (қобилияти пардохти моҳона ва шакли қарз) ва тавассути таҳлили пешакии қарз (санҷиши таърихи қарз тавассути Бюрои қарзӣ) дода мешавад.

3.Шаффофият

Нарх, шарт ва шароит барои пешниҳоди қарз (аз ҷумла меъёри фоизӣ, ҳамаи пардохти комиссионӣ ва хароҷоти дигари қарз) ба мизоҷ пешакӣ пешниҳод мегардад. Маълумот дар бораи маҳсулот дастрас ва шаффоф аст, ки тавассути воситаҳои мухталиф (маводҳои рекламавӣ, нишонаҳои маълумот, инчунин шифоҳӣ) пешниҳод карда мешавад.

4.Нархбандии бомасъул

Нархи қарзӣ чунин муқаррар мегардад, ки он ба мизоҷон дастрас бошад ва дар айни замон устувории молиявии Фонд таъмин карда шавад.

5.Муносибати одилона ва эҳтиромона ба мизоҷон

Кормандони Фонд дар ҳамкорӣ бо мизоҷон стандартҳои баланди ахлоқиро меомӯзанд ва эҳтиром мекунанд. Мизоҷон аз ҳуқуқҳои худ огоҳонида мешаванд.

6.Таъмини бехатарии ахбороти мизоҷон

Ҳифзи маълумоти шахсии мизоҷ мутобиқи қонунҳо ва қоидаҳои дахлдор таъмин карда мешавад; Маълумот барои мақсадҳои дигар бе гирифтани розигии мизоҷ истифода намешавад.

7.Механизмҳо барои дида баромадан ва ҳалли шикоятҳо

Фонд дорои механизмҳои баррасии саривақтии шикоятҳо ва ҷавобҳо ба онҳо мебошад, инчунин механизмҳо барои ҳалли мушкилоти қарзгиранда иборат мебошад. Дар Фонд роҳҳои гуногуни муошират вуҷуд дорад, ки ба мизоҷон барои расонидани шикоят ё муроҷиат мусоидат мекунад: хаттӣ, шифоҳӣ – ҳамаи онҳо ба мизоҷон дастрасанд.

Рубрики

At vero eos et accusamus et iusto odio digni goikussimos ducimus qui to bonfo blanditiis praese. Ntium voluum deleniti atque.

Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)